Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон пурзӯр мекунад
Қирғизистон барои тақвияти марзҳояш бо Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор”, аз Имороти Муттаҳидаи Араб 40 мошини зиреҳпӯш, аз Русия 55 мошини зиреҳпӯши “Тигр” ва 50 мошини “КАМАЗ” харидааст. Қамчибек Ташиев раиси КДАМ-и Қирғизистон дар суҳбат бо расонаҳо аз хатарнок будани вазъ дар марз бо Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, ки ин техникаҳои нав барои […]
Кормандони AZDA TV· 28.03.2022
Қирғизистон барои тақвияти марзҳояш бо Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор”, аз Имороти Муттаҳидаи Араб 40 мошини зиреҳпӯш, аз Русия 55 мошини зиреҳпӯши “Тигр” ва 50 мошини “КАМАЗ” харидааст.
Қамчибек Ташиев раиси КДАМ-и Қирғизистон дар суҳбат бо расонаҳо аз хатарнок будани вазъ дар марз бо Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, ки ин техникаҳои нав барои ҳимояи амнияти кишвараш ба вилояти Бодкенд фиристода мешаванд.
Ташиев мегӯяд, барои хариди техникаҳои нав аз будҷаи давлатӣ ҳудуди 2 миллиард сом (беш аз 20 миллион доллар) ҷудо шуда, аз касе барои хариди онҳо кумак нагирифтаанд.