Муҳокимаи навбати варзишгари шинохтаи тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 29-уми март дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия бо ҳузури пайвандон ва вакилонаш баргузор шуд, аммо бе иштироки хабарнигорон. Дар ин муҳокима қарор шудааст, суҳбати видеоии Чоршанберо, ки дар он гӯё ба “қиём” алайҳи ҳукумати қонунӣ даъват кардааст, аз нав мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дилафрӯз Самадова, яке аз […]
Кормандони AZDA TV· 30.03.2022
Муҳокимаи навбати варзишгари шинохтаи тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 29-уми март дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия бо ҳузури пайвандон ва вакилонаш баргузор шуд, аммо бе иштироки хабарнигорон.
Дар ин муҳокима қарор шудааст, суҳбати видеоии Чоршанберо, ки дар он гӯё ба “қиём” алайҳи ҳукумати қонунӣ даъват кардааст, аз нав мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст:
Реклама / Advertisement
“Хулосаи ташхисе, ки дар парванда буд, зери суол гузоштем. Бино бар онки дар хулосаи ташхис носаҳеҳӣ ва нопуррагӣ ҷой дошт, аз додгоҳ талаб кардем, ташхиси такрорӣ таъин карда шавад ва ин дафъа мутахассиси забони русиро даъват кунанд. Ниҳоят дархости вакилони дифоъ аз сӯи додгоҳ пазируфта шуд ва ташхиси такрории сиёсӣ-лингвистӣ таъин карда шуд.”
Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет айбдор карданд. Ин моддаи Кодекси ҷиноии кишвар аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро рад мекунанд.