Пештар низ бархе коршиносон ҳадс мезаданд, ки бар асари таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик ҷойҳои кории худро аз даст медиҳанд ва дар натиҷа ё ба ватан бармегарданд ва ё ба кишварҳои дигар барои кор ҷустан сафар мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои шадиде алайҳи Русия ҷорӣ карданд ва дар баробари ин аксари ширкатҳои иқтисодии бонуфузи ҷаҳонӣ бозори Русияро тарк карданд, ки дар натиҷа зиёде аз муҳоҷирон ҷойҳои кории худро аз даст доданд. Ба гуфтаи коршиносон, аз сабаби зиёд будани қувваи кории Тоҷикистон дар Русия зарбаи аввалин ва сахттарини ин таҳримҳо аввалан ба хонаводаҳои тоҷик мерасад.