Бар асари як ҳамлаи мушакӣ ба истигоҳи роҳи оҳане дар Украина зиёда аз 39 кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудааст.

Владимир Зеленский,
Бо ин ҳол, имрӯз 8-уми апрел Вазорати дифои Русия бо нашри як наворе, ки партоби як мушак дар он ба намоиш гузошта шудааст, хабар дода, ки Русия “амалияти махсуси низомии худро дар Украина идома медиҳад.” Инчунин дар аксу наворҳои нашршуда дида мешавад, ки пас аз ҳамла кормандони полис ва дигар гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ба ҷои ҳодиса рафта, ба ҷамъоварии ҷасадҳо ва кумаки осебдидаҳо машғул шудаанд.