УМУМӢ

Баҳодур Усмонов сазовори медали тилло шуд

Варзишгари шинохтаи тоҷик, Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байналмилалии “GeeВee Boxing Tournament-2022” дар Финляндия сазовори медали тилло шуд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа аз рӯзи 7-ум то 10-уми апрел дар шаҳри Ҳелсинкӣ бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финляндия, Норвегия, Шветсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, […]

Варзишгари шинохтаи тоҷик, Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байналмилалии “GeeВee Boxing Tournament-2022” дар Финляндия сазовори медали тилло шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа аз рӯзи 7-ум то 10-уми апрел дар шаҳри Ҳелсинкӣ бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финляндия, Норвегия, Шветсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа, муҳорибаҳо аз рӯи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифт.

Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5 кг дар ин мусобиқа дар аввал озод буд ва муҳорибаро аз чорякфинал оғоз карда, намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканянро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Баҳодур дар даври нимниҳоӣ бо Ричард Ковач аз Венгрия қувваозмоӣ намуда, ӯро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Муштзани тоҷик дар финал бар варзишгари Шотландия Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда, сазовори медали тилло гашт.

Мусобиқаи “GeeВee Boxing Tournament” ҳамасола аз соли 1982 ба хотираи муштзани финландӣ Гуннар Барлунд баргузор мешавад.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.