УМУМӢ

Илон Маск ширкати Твиттерро хараданист

Илон Маск, миллиардери шинохта ва соҳиби ширкати Тесла қасд дорад Твиттер, яке аз шабакаҳои иҷтимоии маъруфи дунёро бихирад. Акс аз  Бино ба иттилои Reuters, 14-уми апрели соли 2022 Илон Маск, миллиардер ва молики ширкати Тесла бо нишон додани як ҳуҷҷати танзимкунанда пешниҳод кардааст, ки бо қимати 41 миллиарду 390 миллион доллар ширкати Twitter (TWTR.N)-ро омодааст […]

Илон Маск, миллиардери шинохта ва соҳиби ширкати Тесла қасд дорад Твиттер, яке аз шабакаҳои иҷтимоии маъруфи дунёро бихирад.

Акс аз Reuters
Акс аз 

Бино ба иттилои Reuters, 14-уми апрели соли 2022 Илон Маск, миллиардер ва молики ширкати Тесла бо нишон додани як ҳуҷҷати танзимкунанда пешниҳод кардааст, ки бо қимати 41 миллиарду 390 миллион доллар ширкати Twitter (TWTR.N)-ро омодааст бихарад.

Ин нархи пешниҳодии Илон Маск 54,20 доллар барои як саҳмияро дар муқоиса бо нархи пешниҳодии Твиттер дар 1-уми апрели соли ҷорӣ ташкил медиҳад

Пеш аз ин Илон Маск 9 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро харида, ба ҳайъати мудирони он ҳамроҳ шуда буд. Вай сипас аз корбарони ин шабакаи пуровазадор пурсида буд, оё мехоҳанд, ки дар кори ин шабака, бавежа дар таҳрири паёмҳо тағйироте сурат бигард?

Илон Маск пешниҳод кардааст, ки омодааст ширкати Твиттерро бихарад, аммо то кунун моликони Twitter (TWTR.N) ба ин пешниҳод расман посухе ироа накардаанд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.