УМУМӢ

Шикасти навбатии “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC

Қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022-ро низ бохт ва комилан шонси роҳ ёфтан ба даври навбатии ин мусобиқаро аз даст дод. “Истиқлол” дар даври чоруми ин мусобиқа дар гурӯҳи “А” аз тими “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Бар асоси натоиҷи чаҳор давр “Ал-Ҳилол” дар […]

Қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022-ро низ бохт ва комилан шонси роҳ ёфтан ба даври навбатии ин мусобиқаро аз даст дод.

“Истиқлол” дар даври чоруми ин мусобиқа дар гурӯҳи “А” аз тими “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Бар асоси натоиҷи чаҳор давр “Ал-Ҳилол” дар гурӯҳи “А”, 12 хол ба даст оварда, дар ин гурӯҳ пешсаф аст. Дар мақомҳои дуввум ва севум “Ал-Райян”-и Қатар бо 7 хол ва “Шарҷа”-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо 4 хол қарор доранд. “Истиқлол” баъд аз чор даври бозиҳо дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гурӯҳи худ мақоми охирон қарор дошта, ягон хол ба даст наовардааст.

“Истиқлол”-и Душанбе дар ду бозии боқимондаи марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаҳои “Ал-Райян” (23 апрел) ва “Шарҷа” (27 апрел) бозӣ мекунад.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.