УМУМӢ

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Бердимуҳаммадов

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмияш ба Туркманистон бо собиқ президенти ин кишвар ва раиси амалкунандаи Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Қурбанқулӣ Бердимуҳамадов мулоқот кард. Тибқи иттилои сомонаи расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии […]

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмияш ба Туркманистон бо собиқ президенти ин кишвар ва раиси амалкунандаи Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Қурбанқулӣ Бердимуҳамадов мулоқот кард.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҳамкории ду кишварро дар дигар мсамтҳо баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо дар бораи Афғонистон изҳори назар намуда, мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкимёбии мавқеи гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ дар ин кишварро, ки бо Тоҷикистону Туркманистон ҳамсарҳад аст, “ташвишовар” хондаанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 11-уми май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ бо як сафари расмӣ озими пойтахти Туркманистон шаҳри Ишқобод шуда буд.

Сардор Бердимуҳаммадов ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов

Гуфтанист, моҳи марти соли ҷорӣ дар Туркманистон интиқоли қудрат аз падар ба писар сурат гирифта буд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари собиқ Президент Қурбанқулӣ Бердимуҳаммадов бо гирифтани 72,97%-и овозҳо дар интихоботи президентии моҳи март дар ин кишвар ба курсии қудрат нишаст.

Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ

Бештари коршиноcон бар ин назаранд, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон бо ин шакл интиқоли қудрат сурат гирифта, Рустами Эмомалӣ ба ҷои падараш, Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 сол мешавад зимоми қудратдро дар даст дорад, президенти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Тоҷикистон ва Туркманистон дар шохисҳои байналмилалӣ ду кишвари аз ҳама зиёд саркӯбкунандаи озодии баён ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонашон дониста мешаванд.  

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.