Шоира Зулқайнарова варзишгари дигари тоҷик, 11-уми май дар даври аввал бар намояндаи Қувайт Ҷ. Ноура пирӯз гардида буд.
Реклама / Advertisement
Дар даври дуюми ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Руҳафзо Ҳақназарова бо варзишгар аз Колумбия Ингрит Лорена Викториа ва Шоира Зулқайнарова бо Ҳадунг Ҷионг аз Корея рӯзи 15-уми май қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Чемпионати ҷаҳонии бокс байни бонувон рӯзи 6-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия оғоз ёфта, то 21-уми май идома меёбад. Дар ин мусобиқа 419 варзишгар аз 93 кишвари дунё дар 11 вазн қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 4 варзишгар: Сумая Қосимова (то 48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (то 50 кг), Миҷгона Самадова (то 57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (то 63 кг) намояндагӣ мекунанд.
Ду варзишгари дигари тоҷик, Сумая Қосимова (48 кг) дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғористон) ва Миҷгона Самадова (57 кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайван) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.
Гуфта мешавад, фонди ҷоизавии мусобиқа 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад.