УМУМӢ

Боз шудани хатсайри нави “Сомон Эйр” байни Душанбе ва Мюнхен

Ширкати ҳавопаймоии тоҷикӣ “Сомон Эйр” аз оғози парвозҳо дар масири нави Душанбе-Мюнхен хабар дод. Дар ин бора маркази матбуоти ширкат иттилоъ медиҳад. “Парвозҳо дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе аз 6 июни соли 2022 оғоз шуда, ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе сурат мегиранд. Парвоз аз Душанбе соати 06:00 ва аз Мюнхен соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ анҷом дода […]

Ширкати ҳавопаймоии тоҷикӣ “Сомон Эйр” аз оғози парвозҳо дар масири нави Душанбе-Мюнхен хабар дод. Дар ин бора маркази матбуоти ширкат иттилоъ медиҳад.

“Парвозҳо дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе аз 6 июни соли 2022 оғоз шуда, ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе сурат мегиранд. Парвоз аз Душанбе соати 06:00 ва аз Мюнхен соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ анҷом дода мешаванд”, омадааст дар хабари ин ширкат.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз оғози пандемияи коронавирус ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар хатсайри Душанбе-Франкфурт парвоз мекарданд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.