Қобили зикр аст, ки Худованд дар сураи Ҳуд, ояти 6, ба ин маъно “Ва ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар он ки Аллоҳ (аз рӯи лутфаш) ризқашро кафолат додааст…”, дар сури Рум, ояти 47, ба ин маъно мефармояд: “Ва наҷоту нусрат додани муъминон ҳаққест, ки Мо онро бар Хеш ҳатмӣ гардонидаем”. Чуноне аз оятҳои боло маълум мегардад, Худованд ба ҳар ҷондоре, ки ба сӯи ризқаш ҳаракат мекунад, кафолати ризқ ва ба ҳар муъмине, ки барои талаб ва ҷорӣ кардани ҳаққу ҳақиқат кӯшишу мубориза мебарад, кафолати пирузӣ додааст. Ба қавли гузаштагонамон, аз банда ҳаракат, аз Худо баракат. Муҳим он ки ҳаракат оқилона, ҷасурона ва дастаҷамъона бошад.
Мебинем, ки Худованд ҳам дар ивази ҳаракати банда бо лутфаш ҳам ризқ ва ҳам нусратро ба бандагон кафолат медиҳад, локин Раҳмонуф мардумро зулм намуда, дар ҳар паёмаш аз ҷангу гуруснагӣ метарсонад ва маҷбур ба шукр ва захираи дусолаи хӯрока менамояд ва худашро назди шаҳрванде вазифадор намедонад, чунки шаҳрванд хобу хомӯш аст ва талабе надорад.
Агар “пешвои чоплусон” фаросат медошт, пеш аз хондани паём як маротиба фикр мекард, ки мардуми бечора аз куҷо захираи дусола дорад, агар дошта бошад ҳам ин миқдор хӯрокаро дар чӣ гуна анбор захира мекунад. Чуноне дар урфият мегӯянд, “ҳар нафар дар доираи ақлаш фикрронӣ мекунад”. Ин тоифае, ки аз фаҳми дуруст маҳруманд, бо таъбири худашон “номард бошу зиндабош” гуфта, номардона ҳукму ҳукумат меронанд.
Дар ҳаёти башарият ҳуқуқ ва уҳдадариҳои зиёде гузошта шудааст ва яке аз уҳдадориҳое, ки барои танзими дурусти зиндагии башарӣ мусоидат мекунад, ин уҳдадории байни ҳокимон ва мардумон ба ҳисоб меравад. Бузурге фармудааст “Осоиши ҳукуматдор (роҳбар) ба осоиши мардум ва осоиш мардум ба осоиши ҳукуматдор (роҳбар) вобастагӣ дорад”.
Роҳбар вазифадор аст, ки мардумашро бо ҷои кор таъмин намояд ва амнияташро дар дохилу хориҷ аз ватан кафолат дода, манзилу ватани шаҳрвандонро ҳимоя намояд ва дар пешравии иқтисодӣ ва сиёсии мамкалат саҳми намоён дошта бошад. Дар сурати иҷро кардани роҳбар ба уҳдадориҳои зикршуда, шаҳрванд ҳам вазифадор аст, ки аз чунин роҳбар итоат намояд ва дар рушди ватан саҳми худро гузорад. Ҳамаи ин уҳдадориҳо дар Қонуни асосӣ дарҷ гардидааст ва қонунҳои Тоҷикистон низ аз дигар давлатҳои пешрафта фарқе надорад, локин сирри асосӣ дар он аст, ки дар Аврупо риояи қонун барои ҳама, дар Ватани мо бошад қонун фақат барои мардуми бечора ҳатмӣ мебошад.
Суоле инҷо матраҳ мешавад, ки роҳбаре ба уҳдадориҳояш содиқ набошад ва порчае аз Ватанро ба як хоҷаи хориҷиаш ҳадя ва порчаи дигарашро ба хоҷаи дигараш ба чанд дирам ба иҷора диҳад, сарҳаду сарҳадбононро қурбони молу колои ширкатҳои оилааш гардонад, олимону бошарафонро зиндонӣ намояд, муаллимону донишҷуёнро ба чоплусӣ маҷбур созад, ҷавононро аз хонаву кӯча дуздида, пулдорашро ба волидонашон фурӯшаду маъюбу бенавояшро ба хизмати офитсерон супорад, занону модаронро кӯчарӯбу пешхизмат ва мардонро муҳоҷиру беватан гардонад….. Оё ҳаққи ҳалоли шаҳрванд нест, ки гӯяд, “БАС АСТ! Бирав, то нафаре биёяд ва барои Ватану миллаташ хизмат намояд”.
Ҳамватани гиромӣ, бояд дарк кунем, ки бо дароз шудани умри ҳукумати оилавӣ ҳам Ватан ва ҳам ватандор дар хатар қарор доранд. Бинобар ин, ҳаққи худро талаб бояд кард, то ин ки фарзандони мо дар ватани ободу озод, осоишта зиндагӣ намуда, шарафмандона ба воя бирасанд ва дар ҳар гӯшаи ҷаҳон ва дар ҳама соҳаҳо парчамбардори Тоҷикистони азиз бошанд.
Дар охир сухани бузургеро меорем, то ин ки умедамон ба ояндаи дурахшони Ватан ва ҷасоратамон дар тағйири ноадолатиҳои Миҳан зиёдтар гардад. “Ноҳақ дар майдони ғолибияташ давре мезанад ва аз байн меравад, аммо пирӯзии воқеӣ агарчи дертар ҳам бошад, насиби ҳақ мегардад”.
Бо умеди ободӣ ва озодии Ватан !
Сорбон Азимӣ, махсус барои Аздо тв
Аз идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.