Президенти Тоҷикистон, ки дар ин суҳбатҳояш бидуни коғаз ва ё берун аз протоколҳои расмӣ суҳбат мекард, ба наҳве қатл ва террори Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дигар ёронашро ҳам ба гардан гирифта гуфт, “дар шаҳри Хоруғ амалиёти ҳарбӣ намондам гузарондан, ҳамааш бо роҳи бисёр касбияти баланд, ин функсия ва вазифаи давлат аст…ва роҳбари давлат.”
Шуруъ аз ҳодисаҳои солҳои 2012 дар шаҳри Хоруғ то кунун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон беш аз 75 нафар аз сокинони ин вилоятро кормандони мақомот бо ҳар баҳонае қатл ва террор карданд. Аммо дар ин муддат ягон қотил боздошт ва муҷозот нашудааст.
Талабҳои асосии эътирозгарони моҳҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, бахусус дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон низ ҳама талабҳои қонунӣ буданд. Мардум вақте диданд, ки касе ба додашон намерасад, талаби истеъфои раиси шаҳри Хоруғ ва раиси вилоятро карданд. Аммо дар посух мақомот онҳоро “террорист” гуфта тирборон карданд
Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои асосии ҳодисаҳои ҳашт моҳи ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ришватситонӣ ва духтарбозӣ кормандони мақомоти милиса ва прокуратура буд, ки хашми мардумро ба вуҷуд овард ва даст ба эътирозҳо заданд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон на гуноҳи мақомоти зертобеашро эътироф мекунад ва на ба сиётсатҳои ғалати кадрӣ ва иқтисодиаш нукта мегузорад.