УМУМӢ
Боздошти модар ва бародари журналист Анора Саркорова
Мақомоти Тоҷикистон модар ва бародари хонум Анора Саркорова, журналисти шинохтаи тоҷикро аз хона боздошт карда ва бо худ бурданд. Субҳи имрӯз, 27-уми июни соли 2022 журналисти шинохта Анора Саркорова дар саҳфаи Хонум Анора Саркорова бо интиқод аз ин тарзи бархӯрди мақомоти Тоҷикистон, ки онро “адалти тоҷикӣ” хондааст, меафзояд: “Дар Тоҷикистон падар барои писар посух медиҳад, […]
Аз сӯи дигар боздошти модар ва бародари хонум Анора Саркорова бо бархе вокунишҳои тунде ҳам аз ҷониби бархе мувофиқони ҳукумат ва ҳам аз сӯи бархе мухолифони он рӯбарӯ шудааст. Мувофиқони ҳукумат ӯро муттаҳам мекунанд, ки ба хотири “реклама”-и худ модарашро қурбонӣ кардаасту мухолифони ҳукумат бошанд, ин амали мақомотро хилофи қонун ва арзишҳои милливу инсонӣ қаламдод карда, мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов “дарахти қудрати худро бо ашки модарону хуни писарони онҳо обёрӣ мекунанд.”
Гуфта мешавад, хонум Анора Саркорова ва шавҳараш Рустами Ҷонӣ ҳар ду зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд, ва тайи ҳашт моҳи ахир, ки вазъияти ҳуқуқи инсон дар ин вилоят буҳронӣ шудааст, аз хориҷ истода фаъолона дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум ҳимоят ва аз рафторҳои ғайриқонунии мақомот интиқод мекунанд. Ин интиқодҳои онҳо боис шудааст, ки наздикону пайвандонашон дар Тоҷикистон мавриди шиканҷаҳои равонӣ ва боздошту бозпурсиҳои мухталиф қарор бигиранд.