Пайвандон ва наздикони Холов мегӯянд, кормандони пулис ӯро рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ дар истгоҳи мусофирбарҳо дар Горшеченскийи вилояти Курски Русия дастгир кардаанд. Беш аз як моҳ мешавад, ки Эмомалӣ дар боздоштгоҳ қарор дорад ва то ҳол ояндаи ӯ маълум нест.
Реклама / Advertisement
Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки чанд фарзандашон шаҳрвандии Русияро доранд ва аз номи онҳо ба мақомоти тафтишотӣ муроҷиат мекунанд, то ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд.
Ин бори аввал нест, ки аз фишору боздошти ҳамкорони Иззат Амон хабарҳо нашр мешавад. Пештар Муҳаммадхон Эгамов, яке аз ҳамкорони собиқи Иззат Амон, дар Русия дастгир шуда буд ва Бахтовар Ҷумъаев, Сӯҳроби Ҷаҳон ва Ҳусейн Ишанқулов аз афзоиши фишор ба худу наздиконашон дар дохили кишвар шикоят карда буданд.
Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баҳори соли 2021 бо баҳонаи риоя накардани қоидаҳои будубош ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани мақоми шаҳрвандии он кишвар аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти ӯро қаллобӣ гуфта, алайҳи ӯ парванда сохта, дар умум ба муҳлати 15 сол равонаи зиндонаш карданд.
Тарафдоронаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва мегӯянд, парвандаи Иззат Амон сиёсист ва ӯ барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.