УМУМӢ

Ҷутсуҷӯи гумонбар дар қатли бераҳмонаи як сокини Варзоб

Мақомоти интизомии кишвар як сокини 22-солаи шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар қатли бераҳмонаи як сокини ноҳияи Варзоб ҷустуҷӯ доранд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми августи соли ҷорӣ тахминан соати 15 дар ҳудуди маҳаллаи Гранзаводи ноҳияи Фирдавсӣ, миёни сокини 22-солаи Душанбе ва сокини 49-солаи Варзоб муноқиша рух дода, ҷавони 22-сола […]

Мақомоти интизомии кишвар як сокини 22-солаи шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар қатли бераҳмонаи як сокини ноҳияи Варзоб ҷустуҷӯ доранд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми августи соли ҷорӣ тахминан соати 15 дар ҳудуди маҳаллаи Гранзаводи ноҳияи Фирдавсӣ, миёни сокини 22-солаи Душанбе ва сокини 49-солаи Варзоб муноқиша рух дода, ҷавони 22-сола 16 маротиба бо корд ба бадани марди 49-сола задааст. Дар натиҷа марди 49-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВКД танҳо аз идомаи тафтишот хабар дода, вале нагуфтааст, ки қотили эҳтимолӣ боздошт шудааст ё на.

Ному насаби гумонбар ва ҷабрдида дастраси расонаҳо нест.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.