Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба буҷети кишвар аз ҳисоби андозбандии Google беш аз 1,5 миллион сомонӣ ворид гаштааст.
Тавре “Ховар” дар истинод ба маълумоти Кумитаи андози кишвар хабар дод, аз андозбандии даромади шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои электронӣ машғуланд, аз аввали соли ҷорӣ то 1-уми август дар маҷмуъ 23 ширкати хориҷӣ, “аз ҷумла Google Commerce Limited, Meta Platforms Irland Limited, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Amazon Web Services EMEA SARL ва ғайраҳо дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд.”
Ба гуфтаи масъулони Кумитаи андоз, дар муддати беш аз ним сол ҳаҷми андози ҷамъоваришуда аз ҳисоби ширкатҳои мазкур беш аз 1,5 миллион сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт шудааст.