УМУМӢ

Дар Тоҷикистон воридот ду баробар аз содирот бештар аст

Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳудуди 4,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 16,5% бештар аст. Тибқи оморҳои расмӣ, содироти маҳсулот тақрибан 1,4 миллиард доллар ва молҳои воридотии ҷумҳурӣ қариб 2,8 миллиард долларро ташкил додааст. Ҳаҷми содирот нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2021 1,9 дарсад […]

Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳудуди 4,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 16,5% бештар аст.

Тибқи оморҳои расмӣ, содироти маҳсулот тақрибан 1,4 миллиард доллар ва молҳои воридотии ҷумҳурӣ қариб 2,8 миллиард долларро ташкил додааст.

Ҳаҷми содирот нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2021 1,9 дарсад ва воридот 25,2 дарсад афзудааст.

Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ бо 101 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ дошта, шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия (22% аз савдои хориҷӣ), Қазоқистон (19%) ва Чин (18%) мебошанд.

Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Қазоқистон (21,2% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (18%), Туркия (9,1%) ва Узбекистон (8,7%) маҳсулот содир кардааст.

Воридот дар ин давра асосан аз Русия (30,9% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (18,8%), Қазоқистон (17,8%) ва Узбекистон (7,1%) сурат гирифтааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.