УМУМӢ

Ба солҳои тӯлонӣ маҳкум шудани наздикони Мамадбоқиров

Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанд тан аз ёрони Мамадбоқир Мамадбоқиров, аз ҷумла хоҳарзодаашро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Ҷамшед Шаъбонов ва Ақназар Ақназаров (акс аз “Бомдод”) Сорбон Юноев Ба навиштаи Pamir Daily News Сорбон Юноеви 62-сола дар додгоҳ иттиҳоми ифротгароиро рад карда, дар сухани охиринаш гуфтааст: “Ман ба ҳарф ва амали худ меистам. […]

Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанд тан аз ёрони Мамадбоқир Мамадбоқиров, аз ҷумла хоҳарзодаашро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст.

Ҷамшед Шаъбонов ва Ақназар Ақназаров (акс аз “Бомдод”)

Сорбон Юноев

Ба навиштаи Pamir Daily News Сорбон Юноеви 62-сола дар додгоҳ иттиҳоми ифротгароиро рад карда, дар сухани охиринаш гуфтааст: “Ман ба ҳарф ва амали худ меистам. Агар шумо қонунро эҳтиром намекунед, ақалан аз Худо битарсед”.

Пеш аз инҳо даҳҳо зоддаи дигари Бадахшон боздошт, қисме барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон шуданду қисми дигар мунтазири ҳукми додгоҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин ҳукмҳои тӯлонии эълоншудаи додгоҳҳоро алайҳи зодагони Бадахшон расман шарҳ надодааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.