Изҳори нигаронии СММ аз ихроҷи иҷбории паноҳандагони афғон аз Тоҷикистон
Дафтари Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) бо нашри Дар изҳороти Комиссариати олии СММ омадааст, ки бо вуҷуди дахолати ин созмон, ҷониби Тоҷикистон панҷ узви як хонаводаро бо шумули се кӯдак ва модари онҳо рӯзи сешанбе (23 август) боздошт ва тавассути гузаргоҳи марзии Панҷи Поён ба Афғонистон баргардонидааст. Сухангӯи Комиссариати олии СММ дар умури […]
Тибқи тавсияҳои умумӣ оид ба Афғонистон, ки соли 2021 қабул шуда ва феврали соли 2022 нав шудааст, Комиссариати олии СММ аз тамоми кишварҳо даъват мекунад, ки ба иҳроҷи иҷбории ҳамаи гурезаҳои Афғонистон роҳ надиҳанд.
Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, афғонҳое, ки ҷонашон дар хатар аст, бояд ба ҳимоя ва раванди одилонаи дарёфти паноҳандагӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ дошта бошанд ва ба онҳо иҷозаи вуруд ба кишвар дода шуда, ҷониби Тоҷикистон ҳамагуна ихроҷи минбаъдаро қатъ кунанд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ дар як ҳафтаи охир беш аз нуҳ нафар аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шудаанд, ки баъзе аз онҳо корти паноҳандагии СММ-ро доштаанд.
Хабари ихроҷи гурӯҳе аз муҳоҷирони афғон дигар паноҳандагонро нигарон кардааст, аммо мақомоти тоҷик то ҳол сабаби ихроҷи паноҳандагони афғонро шарҳ надодаанд.
Баъд аз ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон садҳо ҳазор афғонистонӣ аз ин кишвар гуреза шуданд. Тоҷикистон мизбони 10 ҳазор гурезаи афғон буд, ки дар як соли охир ҳудуди 4 ҳазори он аз сабаби бад будани шароит дар Тоҷикистон ба кишвари сеюм рафтаанд.