Ҳукумати Шуравӣ ба гурӯҳҳои ба гуфтаи амрикоиҳо озодихоҳ, тамғаи “душман”-ро барчасп намуда, муддати бист сол бо онҳо дар набард буд. Задухӯрдҳое дар сарзамини Республикаи Демократии Афғонистон (РДГ) анҷом меёфт. Муҳориба байни қушунҳои лашкари советӣ ва ҳукумати Афғонистон аз як тараф ва аз ҷабҳаи дигар отрядҳои мусаллаҳи муҷоҳидони афғон, ки аз тарафи НАТО – пеш аз ҳама Амрико, дастгири меёфт, ба амал омад. (histrf.ru/read/articles/afghanskaia-voina)
Аҷиб ин аст, ки ҳукумати Амрико баъд аз 40 сол нисбати ҳамин миллати “озодихоҳ” бо услуби тамоман дигар бархӯрд намуда, ҳукми “террорист”-ро нисбати онҳо содир намуд ва ҳатто номи амалиёташро “озодӣ пойдор” гузошт. Пас аз ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 Вашингтон амалиёти таҷовузи Афғонистонро оғоз кард. Амалиёти мазкур 7 октябри соли 2001 бо баҳонаи пинҳон будани Усома бин Лодин ва раҳбарони дигари Ал-Қоида дар Афғонистон оғоз шуд. Ин амалиёт, ки 20 сол давом ёфт, аз тарафи кишварҳои узви НАТО пуштибонӣ ёфт. (www.aa.com.tr/ru)
Томас Ҷонсон, профессори Мактаби олии баҳрии ИМА дар мусоҳиба бо Бахши русии Би-би-сӣ мегӯяд: “Мо ноком шудем, зеро Афғонистонро ҳеҷ гоҳ нафаҳмидем. Иёлоти Муттаҳида як лӯхтакро (дар курсии президентӣ) гузошт ва ба дигаргунсозии номатлуби ҷомеа оғоз кард, ҳамон тавре ки СССР 30 сол пеш чунин карда буд”. (www.bbc.com/russian/features)
Меравем ба суроғи яке аз абарқудратҳои дигари дунё, ки бо баҳонаи “террор” миллионҳо нафарро зулму шиканҷа намуда, зери “тарбия” гирифтааст. Чин ба он муттаҳам мешавад, ки садҳо ҳазор мусалмонро бидуни додгоҳ дар вилояти Шинҷони ғарбии Чин нигоҳ доштааст. Давлати Чин ин иддаоро рад карда мегӯяд, мардум ихтиёран аз “мактабҳои бозомӯзӣ” барои муқобила бо терроризм ва ифротгароии динӣ мегузаранд.
Модари аз тифл ҷудое қисса мекунад: “Ҳар шаб ҳангоми хоби кӯдаконаш бо чашмони гирён, аз кӯдаки сесолааш ғоибона узр мепурсад, ки чаро туро танҳо мондам”. Вақто ки оилаи онҳо аз Пекин сафар мекард, полисҳо тифли хурдсол ва шавҳари ин занро аз сафар манъ карданд .Вай бо 4 фарзанди дигараш ба Истанбул омаданд ва то ҳол намедонад, ки шавҳару фарзанди хурдсолаш зиндаанд ё дигар дар қайди ҳаёт нестанд.(www.bbc.com/russian/resources/idt-sh/China_hidden_camps_russian)
Чунки нафарони дар “тарбия”-буда, ҳуқуқи тамос гирифтан бо наздиконашонро надоранд, то вақто ки “ботарбия” нашаванд ва оилаҳои зиёде ҳастанд, ки мисли ин модар солҳост аз пайвандонашон хабаре надоранд ва ин намуди муомила нисбати зиндониён, дар ягон нуқтаи дунё ба назар намерасад.
Ин ҳам яке аз садҳо мисолҳоест, ки мусалмонони бегуноҳи уйғур қурбонии барчаспи “террор”ва “терроризм” мешаванд.
“Ончи ки дар Чин руй дода истодааст, бераҳмии соф аст. Зулми мусулмонони уйғур баъзе аз ҷиноятҳои бадтарин алайҳи башарият, дар таърихро ба ёд меорад. Мо дар ИМА бояд онҳоро комилан ба ҷавобгарӣ кашем”,- мегӯяд намояндаи Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Илҳон Умар.
Маъракаи Ҳизби коммунистии Чин барои аз байн бурдани ақаллиятҳои этникӣ боиси боздошти иҷбории беш аз 2 миллион уйғур шуд, ки аз соли 2017 ба ин сӯ ба ҳабс гирифта шудаанд. ( https://uyghurnextgen.org)