УМУМӢ

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Халиҷи Форс

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои арабии Салтанати Умон, Қатар, Кувай ва Арабистони Саудӣ мулоқот кардааст. 7-уми сентябри соли 2022 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар “нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ” дар шаҳри ар-Риёз, пойтахти Арабситони Саудӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Гуфта мешавад, Вазири корҳои […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои арабии Салтанати Умон, Қатар, Кувай ва Арабистони Саудӣ мулоқот кардааст.

7-уми сентябри соли 2022 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар “нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ” дар шаҳри ар-Риёз, пойтахти Арабситони Саудӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Гуфта мешавад, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст дар алоҳидагӣ низ бо ҳамтоёни халиҷиаш дидор карда, дар бораи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда гуфтугӯ кардааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.