Расонаҳо ба нақл аз мақомоти Тайланд мегӯянд, ки дар ҳамлаи як собиқ афсари полис 34 нафар кушта ва 12 каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои Мақомоти полиси Тайланд ҳам ба расонаҳо гуфтаанд, ки чунин ҳодисаи тирандозӣ ба сӯи мардум дар ин кишвар як амри нодир мебошад ва ҳамлакунанда нафарест, ки чанде пеш аз кор дар сафи полис барканор шуда буд. Хабаргузории Фаронса теъдоди кӯдакони қурбонӣ шударо дар ин ҳодиса 23 ва “Independent” 22 нафар гуфтааст. Полиси Тайланд гуфтааст, ки ангезаи асосии ин ҳамла ҳанӯз маълум нест.