Рӯзи 14 октябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон дар нишасти сарони ДММ ва инчунин дар нахустин нишасти сарони кишварҳои минтақа, самити “Осиёи Марказӣ + Русия” иштирок ва баромад намуд. Акс аз “РИА Новости” Суханронии Раҳмонуфи ҳамеша чашм ба маърӯза омода ва Раҳмонуфи аз фаҳмаш сӯҳбаткунанда аз замин то осмон фарқ мекард ва ҳамин буд, ки таваҷҷӯҳи […]
Кормандони AZDA TV· 16.10.2022
Рӯзи 14 октябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон дар нишасти сарони ДММ ва инчунин дар нахустин нишасти сарони кишварҳои минтақа, самити “Осиёи Марказӣ + Русия” иштирок ва баромад намуд.
Акс аз “РИА Новости”
Суханронии Раҳмонуфи ҳамеша чашм ба маърӯза омода ва Раҳмонуфи аз фаҳмаш сӯҳбаткунанда аз замин то осмон фарқ мекард ва ҳамин буд, ки таваҷҷӯҳи нафарони зиёдеро ба худ ҷалб намуд.
Гуфтаҳои пурэҳсосоти Раҳмонуф мазмунан аз ин иборат буд: “Мӯҳтарам Путин! Ба кишварҳои минтақа мисли замони шӯравӣ, чун майдамиллатҳо муносибат накунед. Магар мо ягон қоидаро вайрон кардем? Мо магар бегонаем? Полигонҳои Шуморо чуноне лозим аст, нигоҳ медорем, ғайр аз Русия макони мерафтагӣ надорем ва Шуморо эҳтиром мекунем ва мехоҳем, ки моро ҳам эҳтиром кунед ва дар иқтисодиёти мо маблағ сарф кунед ва барои гузаронидани форумҳои иқтисодӣ ба мамлакати мо раисонро нафиристед ҳам, вазирҳоятонро равон мекардед”.
Дар таърихи 13 октябр, дар шаҳри Остонаи пойтахти Қазоқистон бо ибтикори Русия, мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Тоҷикистону Русияву Қирғизистон – Э.Раҳмон, В.Путин ва С.Ҷабборов – баргузор гардид. Локин шурӯъи ин мулоқот бисёр сард буд ва ҳам хабарҳои нашршуда дар расонаҳои давлатии ҳар ду кишвар баъди мулоқот баёнгари он аст, ки ҳеҷ тавофуқи ҷиддие дар ин вохӯрӣ ба даст наомадаст.
Нисбати “қаҳрамони”- и Раҳмонуф дар баробари Ҷабборов ва салом накарданаш гуфтанием, ки ин ҳам як намоишкорӣ ва саҳнабозии навбатии “Пешво” ба ҳисоб меравад. Чунки аз ғуломтабиат интизор шудани ҷасорат ин худфиребии маҳз аст.
Ҳамватани гиромӣ! Аз ёдатон наравад, ки Раҳмонуф дар сӣ соли ҳукуматаш ягон маротиба барои ҳифз ва иззату шарафи шаҳрванди Тоҷикистон ба намояндаи сафорате нотаи эътирозӣ равон накардаст. Локин баъд аз он ки сухангӯи Вазорати хориҷии Қирғиситон ба ордени гирифтаи Раҳмонуф аз тарафи Путин тааҷубашро баён намуда, барои кадом амалҳлояш соҳиби орден шудани ӯро зери суол гузошт, ҳамон лаҳза ба Сафири кишвари ҳамсоя нотаи эътирозӣ супорида шуд. Гузашта аз ин, салом накарданаш ҳам бо Ҷабборов ба хусумати шахсиаш вобаста аст, на барои кушташудагони назди сарҳадӣ.
Бинобар ин, ҳамватаноми гиромӣ, ба “рекламасозон”-и “Пешво” бовар накунед. Мову шумо ӯро дар ин муддати ҳукумати тӯлониаш ба хубӣ шинохтаем. Агар миллати азизи мо камтарин қиматро дар нази Раҳмонуф медошт, дар наздиктарин ҳуҷуми хунини сарҳадӣ, ки қариб сад шаҳрванди кишвар кушта шуда буд, ҳадди аққал, мисли як давлати дурдаст таъзия баён мекард. “Пешво” аз Путин эҳтиром пурсида, хоҳиш мекунад “маро ҳеҷ набошад, мисли як сарвазири афариқоӣ бишиносед ва қадр намоед”, локин фаромӯш кардаст, ки қадру қимати сарвари ҳар давлат аз хизмати вай дар баробари сокинони кишвараш маншаъ мегирад. Ба гуфтаи шайх Саъдии Шерозӣ: