Вазорати дифоъ дар ҳоле аз 62 дарсад иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш хабар медиҳад, ки чанде пеш хабари марги Шоҳрух Маҳкамови 19-сола, ки дар қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон адои хидмат мекард, нашр шуда буд.
Мақомот мегӯянд, ӯ бар асари беморӣ даргузаштааст, аммо падару модараш бар ин боваранд, ки писарашон дар натиҷаи лату кӯб ҷон додааст.
Бадрафторӣ бо сарбозон ва кушта шудани ҷавонон бар асари лату кӯб дар қимсҳои низомии кишвар, боиси гурезон шудани ҷавонон аз артиш гаштааст. Мақомот барои пур кардани сафи артиш ҷавононро аз хонаву кӯчаҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ва онҳоро зӯран ба артиш мебаранд.