Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар пайи як амалиёти махсуси мақомот ҳамроҳи чанд рӯзноманиги дигар боздошт шуда буданд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябр ба ҳамла ва таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гурӯҳҳои мамнуъ айбдор ва ба 7, 5 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот Далери Имомалиро 17-уми октябри соли ҷорӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон карданд. Ин ду рӯзноманигори шинохта иттиҳомоти мақомотро рад карда буданд. Ҳатто созмонҳое, ки ба узвият дар онҳо муттаҳам мешаванд, аз ҷумла ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” ҳамкорӣ бо ин рӯзноманигоронро рад карданд.
Ҳамсарони Абдуллоҳ ва Далер ба Президент нома навишта, хостори озодии наздиконашон шуда буданд.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус шуморе аз рӯзноманигорон ва блогероне, ки каму беш аз мушкилоти мардум мегуфтанд ва камбуди фаъолияти масъулонро фош мекарданд, боздошту бо баҳонаҳои сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.
Дар пайи зиндонӣ кардани рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд. Аммо мақомот ин гуфтаҳои созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.