УМУМӢ

Раҷаби Мирзо: “Ҳар рӯзи дар зиндон буданатон ҷабр аст”

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба зиндонӣ шудани рӯзноманигорон вокуниш карда, мегӯяд, ки тасмими муқомот дар бораи боздошти онҳо дуруст набуд. Ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ба муносибати зодрӯзи рӯзноманигорони зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки “То ҳол ҳич мақому мақомдоре ҷомеаро мутмаин карда натавонист, ки ин тасмимашон […]

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба зиндонӣ шудани рӯзноманигорон вокуниш карда, мегӯяд, ки тасмими муқомот дар бораи боздошти онҳо дуруст набуд.

Ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ба муносибати зодрӯзи рӯзноманигорони зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки “То ҳол ҳич мақому мақомдоре ҷомеаро мутмаин карда натавонист, ки ин тасмимашон дуруст буд.”

Ӯ ҳамчунин меафзояд: “Дар доираҳои фикрӣ дар бораи ин қазияҳо хулосаи худро доранд: ин як майлон, як ҷараён аст, ки рамзан онро мешавад “мабодо…” унвон кард. Он тамом шудааст, ё не, номаълум…”

Ин фаъоли мадании тоҷик ҳамчунин дар пуштибонӣ аз рӯзноманигорони боздоштшуда мегӯяд, ки “Ҳар рӯзи дар зиндон буданатон ҷабр аст“.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз 28-уми ноябр Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ, ду рӯзноманигори зиндонӣ зодрӯз доранд. Мақомот онҳоро тобистони соли ҷорӣ бо баҳонаҳои сохта боздошт кард. Аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ мақомот Завқибек Саидаминиро барои 7 сол аз озодӣ маҳрум кард, вале то ҳол парвандаи Пирмуҳаммадзода ниҳоӣ нашуда ва ҳукмаш низ эълон нагардидааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.