Ин нишасти бо ибтикори Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа ва Иниститути мутолеоти истротежики Афғонистон ва бо ҳузур беш аз 100 нафар собиқ раҳбарону мансабдорон фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон, коршиносон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон ва дипломатҳои муқими Тоҷикистон баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, нишасти дурӯзаи Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот бори нахуст дар берун аз хоки Афғонистон баргузор мешавад ва Толибон ҳам то кунун дар бораи баргузории ин нишаст ба таври расмӣ вокунише аз худ нишон надодаанд.
Бо гузашти беш аз 15 моҳ суқути давлати пешин бо раҳбарии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон ва ҳузури Толибон дар Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон, то кунун ҳеч кишваре ҳукумати Амроти исломии онҳоро дар Кобул ба расмият нашинохтааст.