Ғалабаи Марокаш дар бозӣ бо Испания ҳамаро шигифтзада кард
Дирӯз, 06-уми декабр дар давлати Қатар бозиҳои ниҳоии даври 1/8 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 миёни мунтахабҳои Марокашу Испания ва Португалияву Швейтсария баргузор гардид. Бозии аввал миёни мунтахабҳои Испания ва Марокаш баргузор гардида, мухлисон ва коршиносони соҳаи футбол дар ин вохӯрӣ бартариятро ба Испания дода буданд. Аммо мағрибиҳо тавонистанд дар баробари испониёиҳо истодагарӣ кунанд ва қисми […]
Кормандони AZDA TV· 07.12.2022
Дирӯз, 06-уми декабр дар давлати Қатар бозиҳои ниҳоии даври 1/8 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 миёни мунтахабҳои Марокашу Испания ва Португалияву Швейтсария баргузор гардид.
Бозии аввал миёни мунтахабҳои Испания ва Марокаш баргузор гардида, мухлисон ва коршиносони соҳаи футбол дар ин вохӯрӣ бартариятро ба Испания дода буданд. Аммо мағрибиҳо тавонистанд дар баробари испониёиҳо истодагарӣ кунанд ва қисми асосиву иловагии бозиро мусовӣ анҷом диҳанд.
Дар силсилаи пеналтӣ бозигарони мунтахаби Марокаш, асосан дарвозабони он Ёсин Буну дар баробари бозигарони Испания бартарият нишон дода, ҳарифи худро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, нахустин бор ба даври ¼ финали Ҷоми ҷаҳон роҳхат пайдо карданд.
Реклама / Advertisement
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 тими Испания низ дар марҳилаи 1/8 финал аз тими Русия дар силсилаи пеналтӣ мағлуб шуда буд. Он замон дар лаҳзаи халкунанда Игор Акинфеев зарбаи Яго Аспасро бо пояш баргардонда буд.