Котиби генералии ин созмон Кристоф Делуар мегӯяд, ки “Диктаторҳо ва режимҳои авторитарӣ зиндонҳои худро бо рӯзноманигорон бошиддат пур мекунанд. Сабти нави шумораи онҳо зарурати фаврии муқовимат ба ин қувваҳои нопокро нишон дода, бояд бо ҳамаи онҳое, ки идеали озодӣ, истиқлолият ва плюрализми иттилоотиро ҷонибдорӣ мекунанд, ҳамраъии фаъолона карда шавад”.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус дар соли ҷорӣ чанд тан аз рӯзноманигорон ва блогероне, ки каму беш аз мушкилоти мардум мегуфтанд ва камбуди фаъолияти масъулонро фош мекарданд, боздошту бо баҳонаҳои сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.
Дар пайи зиндонӣ кардани рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон, аз ҷумла Мэри Лоулор, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд. Аммо мақомот ин гуфтаҳои созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.