Дар ҷамъи ин эътирозгарон корфармои Абдуллоҳи Шамсиддин ҳам ҳузур дошта, бо садои баланд ва шиоре дар дасташ мегӯяд: “беҳтарин коригари моро ба қассобхона (яъне баТоҷикистон) нафиристед!“
Инчунин дар байни ин тазоҳуротгарон Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳ ҳам ҳузур доштааст. Ба қавли ӯ, ин тазоҳурот бо ибтикори худи олмониҳо ва дар раъси онҳо корфармо, ҳамкорон ва шиносҳои олмонии писараш қарор доштаанд.
Инчунин бархе олмониҳо бо нашри туморе дар Интернет аз дигар шаҳрвандони олмонӣ ва сокинони ин кишвар хостаанд, ки чун маълум нест, пас аз ихроҷ чӣ сарнавиште бар сари ин паноҳҷӯи тоҷик дар Тоҷикитон меояд, эътирози худро ба ин ҳукми додгоҳ ва қарор мақомот баён кунанд, то Абдуллоҳи Шамсиддин ихроҷ нашавад.
Гуфта мешавад, Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯи 32-солаи тоҷик дар Олмон аст, ки айни замон дар боздоштгоҳ қарор дорад ва мақомоти ин кишвар қасди ихроҷи ӯро ба Тоҷикистон доранд. Вай писари Шамсиддини Саид, яке аз аъзои аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва доронадаи мақоми паноҳангадии сиёсӣ дар Олмон мебошад.