Дар ҳамин ҳол раисҷумҳур ғайричашмдошт аз сифати Интернет дар Тоҷикистон нитиқод карда гуфт, “нарху суръати Интернет қонеъкунанда нест.”
Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, “таъмин намудани суръати баланди Интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ таъмин намудани амнияти иқтисодӣ ва ҷалби сармоя зарурӣ мебошад”.
Тибқи омори президент, теъдоди муштариёни интернет дар Тоҷикистон ба 4,3 миллион нафар расидааст, аммо ба гуфтаи Раҳмон “суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. Сайёҳон ба куҷо мераванд, ба он кишвар, ки суръати баланди интернет дорад”.
Эмомалӣ Раҳмон аз Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мухобиротӣ талаб кард, барои боло бурдани суръати Интернет, паст кардани нархи он ва дастрас кардани интернети баландсуръат дар минтақаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Танқиди Эмомалӣ Раҳмон аз суръати Интернет дар кишвар дар ҳолест, ки солҳост сокинон ва меҳмонон аз бад будани сифати он ва нархи гарони он шикоят мекунанд. Аммо Ҳукумат, аз ҷумла Хадамоти алоқа бо сарварии Бек Сабур, қудои раисҷумури Тоҷикистон ҳамеша аз сифати Интернет дар кишвар тавсиф намуда, дар аксар ҳолатҳо ё аз суол дар ин бора мегурезед, ё телефонҳои мобилии сокинонро сабаби суст будани Интернет мехонад.