Гуфта мешавад, айни замон ин 4 пулис дар додситонии шаҳри Кӯлоб боздошт шудаанд, аммо маълум нест парвандаи онҳо таҳқиқ мешавад ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва ё на. Ба гуфтаи наздикони марҳум, ин чанд нафар пулиси ҷавон вақтҳои охир дар шаҳри Кӯлоб бо мардум бисёр рафтори ноҷо ва мағрурона доштанд, “чунки онҳоро сардори пулиси шаҳри Кӯлоб Қунғуротзода Фотеҳ ҳимоят мекард ва ҳаркоре дилашон мехост даст мезаданд.”
Инчунин ба иттилои ин хеши Абдуқаҳҳор, яке аз ҳимоятгаронии аслии пулисҳои номбаршуда яке аз домодҳои Нуриддин Раҳмонов, бародари Эмомалӣ Раҳмон будааст. Сокинони Кӯлоб мегӯянд, наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб мардумро ба дод овардаанд.
Манбаъ мегӯяд, яке аз ин пулисҳо, ки номаш Ҷамшед аст, боре бо ҷинояти фурӯши маводи мухаддир дастгир ва аз кор ронда шудааст, аммо боз бо шиносбозӣ дубора пулиси минтақа таъйин мешавад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз марги Абдуқаҳҳори 37-сола нафарони зиёде дар назди шуъбаи пулиси Кӯлоб ҷамъ омада, аз мақомот хостанд, онҳое, ки дар қатли марҳум гумонбар мешаванд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо гуфта мешавад, пас аз таҷаммуи хешу наздикони Розиқов дар назди идораи пулиси шаҳри Кӯлоб беш аз даҳ нафари онҳо боздошт шуданд, ҳатто тибқи хабарҳои таъйидношуда пас аз боздошти пайвандони Абдуқаҳҳор як нафари дигар ҳам дар натиҷаи шиканҷаи пулис ҷон бохтааст. Аммо то ҳол Azda tv дурустии ин хабарро аз манбаъҳои дигар таъйид накардааст.