Эмомалӣ Раҳмон бо имзои дастуре эътироф кардааст, ки дар Тоҷикистон лимити барқ вуҷуд дорад ва ширкати “Барқи тоҷик”-ро вазифадор кардааст, ки онро бекор кунад. Аммо ин ширкат иҷроиши онро муваққатӣ хондааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои дастуре эътироф кардааст, ки дар Тоҷикистон лимити барқ вуҷуд дорад ва ширкати “Барқи тоҷик”-ро вазифадор кардааст, ки онро бекор кунад. Аммо ин ширкат иҷроиши онро муваққатӣ хондааст. Расонаи давлатии Ин ширкат, ки аксари сокинони шаҳру деҳот аз моҳи сентябри соли ҷорӣ то кунун рӯзона дар муддати 24 танҳо 8-10 соат бо […]
Эмомалӣ Раҳмон бо имзои дастуре эътироф кардааст, ки дар Тоҷикистон лимити барқ вуҷуд дорад ва ширкати “Барқи тоҷик”-ро вазифадор кардааст, ки онро бекор кунад. Аммо ин ширкат иҷроиши онро муваққатӣ хондааст.

Инчунин ширкати “Барқи тоҷик” иҷроиши дастурро муваққатӣ ва ба навъе онро “сарбории иловагӣ” хонда таъкид ҳам карда, “дар ҳолати риоя нагардидани тадбирҳои сарфаҷӯии нерӯи барқ ба сербории шабакаҳои барқӣ, тарансформаторҳо ва садамаҳо дар системаи энергетикаи ҷумҳурӣ оварда мерасонад.” ва ба ин баҳона лимити барқ аз нав ҷорӣ мешавад.
Тоҷикистон 9 вилояти Афғонистон, баъзе шаҳру ноҳияҳои Узбекистон ва Қирғизистонро дар ҳама фаслҳои сол ва бидуни ҷорӣ кардани маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин мекунад, вале вақте гап дар бораи сокинони кишвари худамон меравад, бо овардани даҳҳо баҳонаҳои беасос мардумро аз нерӯи барқ маҳрум ва онҳоро дар сардиву торикӣ нигаҳ медорад.