талош кунед ба он қисмат аз кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо, ки хавфи лағзиши тарма доранд, наравед;
маъмулан ҳамеша ниҳодҳои вобаста ба обу ҳаво ва наҷот шаҳрвандонро аз вазъи ҳаво ва маконҳои пурхатару тармахез аз қабл огоҳ мекуннад. Агар шумо майли сафари кӯҳ доред, пас аввал ба ахбори манбаъҳои вобаста ба ин ниҳодҳо диққат диҳед.
ва агар рафту шуморо хатари зери тарма мондан таҳдид мекунад, бояд аввал борхалта ва ҳар чизе доред, ҷудо шавед (ин корро бояд зуд анҷом диҳед ва ҳатто зарур аст бо корд банди онро буред).
агар шумо лижаронед бояд ҳатман лижа ва чӯбдасти лижарониро низ раҳо кунед.
Ø Агар зери тарма мондед, талош кунед аз зер ба боло ҳаракат кунед. Ва агар дар дохили барфтӯда мондед, пас хуб аст, ки тибқи қоидаҳои шиноварӣ ҳаракат намоед.
Ø Вақте тарма дар ҷойе қарор мегирад, зарур аст барои худ муҳити нафасгирӣ созад. Барои он ки таваҷҷуҳи наҷотдиҳандагонро ба худ кашад, пас дасташро боло бардорад. Агар одам дар жарфо қарор дорад, пас талош кунад оксигенро сарфакорона истифода барад, фаъолнокии ҳаракаташро маҳдуд созад.
баъди он ки тарма дар ҷойе қарор гирифту аз ҳаракат монд, аввалин коре, ки бояд анҷом диҳед он бошад, ки дастатонро аз барф берун кунед, то имдодгарон шуморо дида тавонанд. Агар дар қаър мондед, пас хубтар он аст, ки камтар ҳаракат кунед, то оксиген бароятон захира монад, қуввати ҳаракат дошта бошед.