Рӯзномаи “Анис”чопи Кобул ҳам имрӯз, иттилоъ додааст, ки сокинони пойтахти Афғонистон ва чандин шаҳрҳои дигари ин кишвар, ки бо нерӯи барқи воридотии Узбекистон таъмин буданд, чандин рӯз аст, ки аз бебарқӣ ранҷ мекашанд.
Реклама / Advertisement
Шабакаи “Ориённюс”-и Афғонистон ҳам ба нақл аз раиси ширкати барқи Кобул гуфтааст, иллати камбуди барқ “мушкилоти техникӣ” аст ва “яке аз мушкилоте, ки бо мо шарик шудааст, иборат аз чоҳҳои газ дар Узбекистон аст, ки аз он барои тавлиди нерӯи барқ истифода мешаванд.”
Толибон дар оғози январи соли ҷорӣ қарордодҳои харид ва интиқоли нерӯи барқи содиротии Узбекистон ва Тоҷикистонро ба Афғонистон барои соли 2023 аз нав имзо намуда, иҷроиши онҳоро як соли дигар тамдид карда буданд.
Гуфта мешавад, ин шабу рӯзҳо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба хусус сокинони Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мекашанд. Ҳатто сокинони пойтахтҳои ин се кишвар бо камбуди нерӯи барқ мувоҷиҳ ҳастанд.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи бархе коршиносон, пас аз ин ҳушдори Толибон ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҷониби Узбекистон нерӯи барқи зиёдтаре бо нархи арзонтар аз Тоҷикистон мехарад ва бо баҳои қиматтар ба Афғонистон мефурӯшад. Бо ин роҳ ҳам фоида ба даст меорад ва ҳам ба уҳдадориҳояш дар баробари Толибон амал мекунад.