УМУМӢ

Дар Тоҷикистон содироти пиёзу картошка манъ шуд

Дар пасманзари гароншавии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон Ҳукумати кишвар содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷ боздоштааст. Акс аз Интернет Ба гузориши расонаҳо, вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 30-уми январи соли 2023 дар нишасти матбуотӣ ба расонаҳо иттилоъ дода, ки қарори мазкур як ҳафта пеш дар ҷаласаи охири Ҳукумати кишвар барои ба эътидол даровардани […]

Дар пасманзари гароншавии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон Ҳукумати кишвар содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷ боздоштааст.

Акс аз Интернет

Ба гузориши расонаҳо, вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 30-уми январи соли 2023 дар нишасти матбуотӣ ба расонаҳо иттилоъ дода, ки қарори мазкур як ҳафта пеш дар ҷаласаи охири Ҳукумати кишвар барои ба эътидол даровардани нарху навоҳо гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон ин маҳсулоти кишоварзӣ хеле гарон шуда, сокинонро ба ташвиш овардааст. Нархи як кило картошка 4-5 сомонӣ, пиёз 8-9 сомонӣ ва сабзӣ аз 4 то 6 сомонӣ мебошад.

Қурбонов мегӯяд, ин қарори Ҳукумат то ворид шудани аввалин ҳосили зироатӣ дар бозорҳо бекор карда мешавад. Ва кишоварзон метавонанд маҳсулоти худро ба хориҷ ҳам фурӯшанд.

Ба иттилои вазири кишоварзии Тоҷикистон, танҳо соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷ 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 54,3 миллион доллар содирот шудааст.

Тибқи маълумоти расмии Ҳукумати Тоҷикистон, соли 2022 дар замини 2,5 ҳазор гектар пиёз кишт шуда, 672 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шудааст, вале бо вуҷуди ин миқдори ҳосил имсол нархи пиёз назар ба солҳои гузашта гаронтар шудааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.