“Тоҷикистон доду гирифт бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро 23,9% афзоиш додааст. Ҳамин тариқ, 44%-и ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон ба ИИА рост меояд, ки нисбат ба соли 2021 3,1% зиёдтар аст. 51,1 дарсади воридоти Тоҷикистон ва 27,1 дарсади содирот ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рост меояд”, – мегӯяд аз дафтари матбуоти БРА.
Реклама / Advertisement
Тибқи гуфтаи ин ниҳоди молӣ, соли 2022 ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо ИИА 620,6 миллион доллар афзоиш ёфта, дар маҷмуъ 3,2 миллиард долларро ташкил дод.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия 1,7 миллиард доллар (+321 миллион доллар), бо Қазоқистон 1,4 миллиард доллар (+263 миллион доллар) ва бо кишварҳои дигари ИИА 104,7 миллион доллар (+37 миллион доллар)-ро ташкил додааст.
Бино ба гузориши БРА, ҳаҷми гардиши мол ва тиҷорат байни Узбакистон ва Тоҷикистон низ дар ҳоли рушд буда, соли 2022 дар қиёс ба соли 2021 гардиши молу тиҷорат миёни ин ду кишвар 107,5 миллион доллар (ё 7,6 дарсад) афзоиш ёфта, дар маҷмуъ ба 555,4 миллион доллар расидааст.
Ҳамчунин дафтари матбуоти БРА дар гузоришаш Русия ва Қазоқистонро аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дониста, саҳми онҳоро 22,9 ва 19,7 дарсадӣ баён кардааст.