Дар ноҳияи Зафаробод барои ниёзмандон ҳудуди 415 ГА замин ҷудо шудааст. Баъд аз сафари қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон ба ин ноҳия тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ барои хонаводаҳое, ки дар як ҳавлӣ се ва ё 4-5 оила зиндагӣ мекунанд, оғоз мешавад.
Бархе сокинони ин ноҳия дар суҳбат ба Azda tv аз он шикоят карданд, ки дар ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҷомӣ аллайкай пеш аз муайян шудани макони деҳаҳои навбунёд ва тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ фурӯши онҳо оғоз шудааст. Барои мисол, баъзе миёнаравҳо дар ҷамоат барои аз 0,4 то 06 ГА аз 15 то 35 ҳазор сомонӣ талаб мекунанд. Инчунин дар ин ҷамоат як ҳоҷатхонаи сарироҳӣ сохта шудааст. Масъулин мегӯянд, ки то замони омадани Эмомалӣ Раҳмон дари онро барои қазои ҳаҷати сокинон боз намекунанд.
Аммо раиси ин ҷамоат вуҷуд далелҳо барои заминфурӯшӣ дар ин деҳотро инкор карда мегӯяд, масъулин дар ҷамоати деҳоти Абдурраҳмон Ҷомӣ корашон рӯйхат кардани оилаҳои ниёзманд буд ва ин корро иҷро кард, аммо дар хусуси санҷидани фактҳо, муайян кардани вазъияти ҷойгиршавии оилаҳо дар як ҳавлӣ ва ҷудо кардани заминҳо комиссияи ноҳиявӣ тасмим мегирад, на ҷамоат.
Гуфта мешавад, ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Маркази ноҳия шаҳраки Зафаробод. Ноҳия 20 декабри1965 ташкил шудааст. Аз маркази ноҳия то Хуҷанд 106 км мебошад.