Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, аз ҷумлаи рӯзноманигоронест, ки пас аз саркӯби хабарнигорон дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот боздошт ва бо иттиҳомоти сохта (ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ) барои 7 сол равонаи зиндон гардид.
Як масъули Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфта буд, ки дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз расонаҳо огоҳ шудааст, аммо касе аз наздикони рӯзноманигор ба онҳо муроҷиат накардаанд. Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки ин қазияро Омбудсмен моҳи феврал соли ҷорӣ мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Аммо бо тамом шудани моҳи феврал то ҳол касе аз идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар зиндон мулоқот накардааст.
Имрӯз, 6-уми март ду намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар кишвар, Муқим Ашӯров ва Ҳусниддин Нидоев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки бо ин рӯзноманигори зиндонӣ мулоқот сураи нагирифтааст ва сабаби вохӯрӣ накардан бо ин рӯзноманигорро низ шарҳ дода натавонистаанд.
Ин дар ҳолест, ки як намояндаи Омбудсмен рӯзи 17-уми феврал дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/4 маъруф ба “Якум Советский” бо рӯзноманигорони зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ мулоқот кардааст.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон дар як соли охир Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор намуда, онҳоро барои аз 7 то 20 сол ба зиндон маҳкум карданд.
Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин рӯзноманигоронро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.