Комиссари Комиссияи Амрико дар умури озодиҳои мазҳабӣ бори дигар аз фишори мақомоти Тоҷикистон болои диндорон ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои мазҳабӣ интиқод кард.

Муҳаммад Маҷид, комиссари Комиссияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии динӣ рӯзи 8-уми март бо интишори номае
Комиссари Комиссияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ дар ҳоле аз вазъи ҳуқуқу озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунад, ки тибқи гузоришҳои солонаи ин созмон аз соли 2016 пайҳам Тоҷикистон шомили кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои байналмилалии динӣ ва мазҳабӣ мешавад. Ин созмон соли 2022 дар гузориши солонаи худ ба Департаменти Давлатӣ тавсия дод, ки 15 кишварро дар рӯйхати “кишварҳои мавриди нигаронии махсус” шомил кунад, ки Тоҷикистон низ ҷузъи ин 15 кишвар аст.