Сару садоҳо дар бораи эҳтимоли баргузор шудани мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аз замони ихроҷаш аз Олмон ба Тоҷикистон беш аз ду моҳ мегузарад, то ҳол мақомоти кишвар расман нисбати ин фаъоли тоҷик айб эълон накардааст ва ҳатто дар боздошт нигоҳ доштани ӯро ягон ниҳоди қудратии кишвар ба дӯш нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абудллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.
Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони олмонӣ ва тоҷик аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостанд, ки макони буду боши ӯро эълон намуда, раҳояш кунанд. Аммо мақомоти тоҷик то кунун хомӯшанд, касе аз макони боздошти ӯ ҳарфе намезанад. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд.
Бино ба хабарҳои ғайрирасмӣ, ҳоло ин фаъоли сиёсии тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, вале мақомоти КДАМ инро на рад мекунанд ва на таъйид.