ДИН МУҲОҶИРАТ

Маълумот дар бораи баргузории намози Ид барои тоҷикони муқими Варшава

Тибқи эълони Маркази фарҳанги исломӣ дар Варшава, намози Иди Фитр рӯзи 21-уми апрел соати 9:00 дар толори футбол дар кӯчаи "księcia bolesława 1/3" баргузор мешавад.

Маълумот дар бораи баргузории намози Ид барои тоҷикони муқими Варшава

Тибқи эълони Маркази фарҳанги исломӣ дар Варшава, намози Иди Фитр рӯзи 21-уми апрел соати 9:00 дар толори футбол дар кӯчаи “księcia bolesława 1/3” баргузор мешавад.

Зимни нашри эълон, масъулони Марказ аз намозгузорон хоҳиш кардаанд, ки барои пешгирӣ аз танбашавии мошинҳо ва баста шудани роҳҳо аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода шавад.

Ҳамзамон дар эълон гуфта мешавад, ки барои гузоштани мошинҳо дар таваққуфгоҳи паҳлуи толори варзишӣ, танҳо барои калонсолон ва оилаҳои серфарзанд иҷозат дода мешавад. Вуруди мошинҳои таксӣ (Uber, Bolt …) иҷозат нест.

Аз намозгузорон ҳамчунин хоста шуда, ки ҳамроҳи худ ҷойнамоз бигиранд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.