Бо гузашти се рӯз аз тазоҳурот ва бо тухм задани мошини ҳомили раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон, ҳамоно мақомоти амниятӣ пайвандони мухолифонро дар кишвар боздошт доранд. Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори мустақил, ки дар тазоҳуроти рӯзи 29-уми сентябр дар Берлин ширкат ва суханронӣ кард, дар суҳбат бо Azda.tv аз боздошти ду бародараш дар ноҳияи Вахши […]
Кормандони AZDA TV· 01.10.2023
Бо гузашти се рӯз аз тазоҳурот ва бо тухм задани мошини ҳомили раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон, ҳамоно мақомоти амниятӣ пайвандони мухолифонро дар кишвар боздошт доранд.
Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори мустақил, ки дар тазоҳуроти рӯзи 29-уми сентябр дар Берлин ширкат ва суханронӣ кард, дар суҳбат бо Azda.tv аз боздошти ду бародараш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон хабар дода, онро худсарона номид.
“Ман бо сароҳат мегӯям, ҷону пуст, дарду алам ва ҳамагуна шиканҷае, ки дар нисбати онҳо сурат мегирад, ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ ва зидди миллие мебошанд, ки режими Эмомалӣ Раҳмон аз замони сари қудрат омаданаш то ҳол анҷом медиҳанд“- мегӯяд Амруллоҳи Низом.
Реклама / Advertisement
Дар ҳамин ҳол, фаъоли тоҷики муқими Олмон Фарҳод Одинаев дар суҳбат бо Azda.tv аз боздошти се тан аз пайвандонаш хабар дод, ки то ҳол аз онҳо дараке нест.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” низ бо нашри иттилоияе аз идомаи боздошт ва бедарак шудани пайвандони аъзояш хабар дод.
Бу гуфтаи худи мухолифон ва фаъолон, мақомоти кишвар вақти боздошти пайвандонашон гуфтаанд, ки чаро онҳо президентро диктатор гуфта, ба мошинаш бо тухм задаанд ва фишор оварда истодаанд, ки ба мухолифони дар хориҷбуда ба кишвар баргарданду бахшиш пурсанд.
Бино ба иттилои маълумотҳои охир, баъзе аз занҳои боздоштшуда, ки бо фаъолону мухолифон хешу таборӣ доранд, озод шудаанд, аммо мақомот мардҳоро то ҳол озод накардааст.
Бояд гуфт, ки бо даъвати расмии мақомоти Олмон Эмомалӣ Раҳмон бо шумули дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 28-уми то 30-уми сентябр бо ҳадафи ширкат дар нишасти якҷояи ин кишварҳо бо Олмон ва мулоқот бо садриаъзам Олаф Шолтс ва президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер ба ин кишвари аврупоӣ омада буданд.