Дар нишасти САҲА, ки масъалаҳои ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра баррасӣ мешаванд, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон мисли соли гузашта ширкат надоранд. Аммо, намояндагони мухолифин, аз ҷумла Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, Паймони миллии Тоҷикистон ва фаъолони мустақил ширкати фаъолона доранд.
То ҳол ҳукумати Тоҷикистон сабаби иштирок накардани ҳайати худро шарҳ надодааст.
Дилшод Шарифов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар ҳошияи ин нишаст дар масъалаи иштирок надоштани ҳайати Ҳукумат ба Azda.tv чунин гуфт, “Ба назари шахсии ман, ҳукумати имрӯзаи Раҳмонов, даъват ва тавсияи бисёр созмонҳои дунёро сарфи назар мекунад. Аз ҷумла, чуноне ба ҳама маълум аст, ҳатто тавсияҳои СММ-ро дар мавриди зиндоёни сиёсӣ ба инобат нагирифта буд ва ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон намехоҳанд боз ба САҲА биёяду аз мушкилоти дар дохилбудаи кишвар аз минбарҳои ин созмон шунавад ва бо озодандешоне, ки дар он фаъолона иштирок доранд рӯ ба рӯ шавад”.
Раиси Кумитаи иҷроияи “Гурӯҳи 24” мегӯяд, ки намояндагони ин ҳаракат ба фарқ аз ҳукумат аз минбарҳои САҲА ва дигар созмонҳо фаъолона истифода бурда, аз нақзи ҳуқуқи инсон ва мушкилоти мавҷудаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ хоҳанд гуфт.