Ба қавли расонаҳо, Дафтари муовинати иқтисодии Раёсутулвузарои ҳукумати муваққати Толибон эълон кардааст, ки барои ифтитоҳи марҳилаи дувум ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи аввали коноли Қуштеппа мулло Абулғанӣ Бародар ва мавлавӣ Абдуссалом Ҳанафӣ вориди вилояти Балх шудаанд.
Реклама / Advertisement
Пеш аз ин кишварҳои Узбекистон ва Туркманистон, ки ҳазор гектар заминҳои худро аз дарёи Омӯ обёрӣ мекунанд, ба Толибон ҳушдор дода буданд, ки сохти коноли Қуштеппа вазъияти иқлим ва минтақаро тағйир хоҳад дод. Аммо Толибон, ки ҳокимони феълии Афғонистон ҳастанд, мегӯянд, дар бораи истифода аз обҳои Афғонистон мардуми Афғонистон тасмим мегиранд, на дигарон.
Гуфта мешавад, коноли Қуштеппа яке аз бузургтарин конолҳои интиқоли об дар Афғонистон ва минтақа аст. Ин конол қисме аз обҳои дарёи Омӯро аз вулусволии Бахшдор дар вилояти Балх гирифта то ба вулусволии Андахӯи вилояти Форёби Афғонистон мебарад. Тӯли ин конол 285 километ, паҳноияш 108 метр ва умқи он 8,5 метр мебошад. Ин конол тавоноии дар ҳар сония интиқоли 650 метри мукаъъаби обро дорад ва он барои обёрии 550 ҳазор гектар замин пешбинӣ шудааст.
Оби дарёи Омӯ аз вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон аз пиряхҳои баландкӯҳҳо, чашмаҳо ва рӯдхонаҳо сарчашма мегирад. Поёноби шохаҳои дарёи Вахш низ дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ба дарёи Омӯ сарозер мешавад.