Дар як гузориши телевизиони давлатӣ “Илм ва Табиат” вазъи нигаронкунандаи шаҳраки Шарора дар шаҳри Ҳисор ба намоиш гузошта шуд. Дар ин гузориш ҳолати бади шаҳрак ва шароити муҳити зист ба таври ошкор инъикос ёфтааст.
Тибқи гузориш, аз даромадгоҳи шаҳраки Шарора роҳҳо пур аз партову ифлосӣ буда, ҷӯйборҳо баста ва пур аз оби ифлосанд. Роҳҳои дохилии шаҳрак хароб шуда, ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардонро душвор гардондааст. Ҳамчунин дар баъзе ҷӯйборҳо ҷамъшавии оби ифлос ба чашм мерасад, ки боиси нороҳатии роҳгузарон мешавад.
Дар ин гузориш ҳамчунин ҳолати бинои ҷамоати шаҳрак нишон дода мешавад. Бинои ҷамоат, ки ба гуфтаи муаллифони гузориш ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад, намуди хеле фарсуда дошта, солҳо боз таъмир нашудааст. Масъулони маҳаллӣ дар суҳбат бо телевизион сабаби чунин вазъро ба кӯчидани ҷамоат ба макони дигар рабт додаанд, аммо сабабҳои дигари вуҷуд доштани мушкилотро шарҳ надодаанд.