Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.
Ба иттилои расонаи қирғизии 24.kg, мақомоти Қирғизистон, Шаирбек Ташиев, собиқ намояндаи парлумон ва бародари Қамчибек Тошиев, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо машғул шудан ба тиҷорат зарари хеле калон ба иқтисоди ин кишвар расондааст. Зарари умумиро ВКД беш аз 4,1 миллиард сом (тақрибан 47 миллион доллар) эълон кард. Гуфта мешавад, ин маблағ фоидаи аз дастрафта ва андозҳои пардохтнашударо дар бар мегирад.
Тибқи маълумоти тафтишот, Тошиев, ки ҶСК “Қирғизнефтегаз”-ро идора мекард, амалҳои эҳтимолии коррупсионӣ низ дар фаъолияти ин ширкат сурат гирифтаанд. Гуфта мешавад, бо вуҷуди фаъолияти корхонаи давлатии коркарди нафт — “Қирғиз Петролеум Компани”, таъминоти ашёи хом мустақим анҷом намешудааст, балки тавассути ширкатҳои миёнарав роҳандозӣ гардида буд.