Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп рӯзи 2-юми август дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки Вашингтон тасмим гирифтааст ҳамлаи банақшагирифташуда алайҳи Эронро ба таъхир андозад ва ба музокирот имконият диҳад.
Ба гуфтаи Трамп, ҳамлае мавриди баррасӣ қарор дошт, ки дар сурати иҷро шуданаш метавонист ба яке аз бузургтарин амалиётҳои низомии ИМА аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон табдил ёбад. Ӯ афзуд, ки чанд кишвари минтақа аз Вашингтон дархост карданд, то аз истифодаи нерӯи низомӣ худдорӣ карда, роҳи дипломатияро пеш гирад.
Трамп ҳамчунин хабар дод, ки музокироти нав байни намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз ин изҳорот оғоз хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии гуфтушунидҳо коҳиши танишҳо ва пайдо кардани роҳи ҳалли масъалаҳои мавҷуда, аз ҷумла барномаи ҳастаии Эрон мебошад.