Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, мутмаин аст, ки Русия ба ҳудуди кишварҳои узви НАТО ҳамла нахоҳад кард. Ӯ ин изҳоротро рӯзи 27-уми август дар Кохи Сафед зимни суҳбат бо хабарнигорон ва ҳамчунин дар мусоҳиба бо нашрияи Axios баён кард.
Трамп гуфт, бо президенти Русия Владимир Путин “гуфтугӯи хуб” доштааст ва ба гуфтаи ӯ, “ҳеҷ ҳамлае ба қаламрави НАТО сурат нахоҳад гирифт”. Ӯ ҳамчунин гузориши расонаҳоро дар бораи он ки раиси CIA Ҷон Рэтклифф барои ҳушдор додан ба Маскав сафар кардааст, камаҳамият арзёбӣ намуда, гуфт, ин гуна мулоқотҳо миёни роҳбарони хадамоти истихборотӣ амри маъмулӣ буда, паёми махсусе дар миён набуд.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки чанде аз расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла The Wall Street Journal ва Politico, бо истинод ба манбаъҳои худ навишта буданд, ки Ҷон Рэтклифф рӯзи 25-уми август ба Маскав сафар карда, масъалаи эҳтимоли ҳар гуна иқдоми низомии Русия алайҳи кишварҳои НАТО ва ҳамчунин дастгирии Маскав аз Эронро матраҳ кардааст. Бо вуҷуди ин, мақомоти амрикоӣ ҷузъиёти расмии мулоқотро нашр накардаанд.