Дар ҳоле ки Тоҷикистон ҳанӯз паёмадҳои ҷанги Русия ва Украинаро дар бозори дохилии сӯзишворӣ эҳсос мекунад, авҷ гирифтани даргириҳои низомӣ миёни Амрико, Исроил ва Эрон ин мушкилро бештар кардааст.
Дар ду рӯзи охир, пас аз ҳамлаҳои нави Амрико ба мавқеъҳои Эрон ва шиддат гирифтани танишҳо дар атрофи тангаи Ҳурмуз, нархи нафти навъи Brent беш аз 4–5 дарсад афзоиш ёфта, ба тақрибан 94,6 доллар барои як бушка расид. Нархи нафти хоми WTI низ аз 90 доллар гузашт. Коршиносон болоравии қимати нафтро ба хатари халалдор шудани интиқоли нафт аз тангаи Ҳурмуз, ки тақрибан панҷяки нафти ҷаҳон аз он мегузарад, марбут медонанд.
Дар Тоҷикистон бошад, болоравии нархи сӯзишворӣ аз оғози тобистони соли ҷорӣ асосан ба таъсири ҷанги Русия ва Украина ва мушкилоти таъмини бозори нафтии Русия вобаста арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон беш аз 90 дарсади маҳсулоти нафтии худро аз Русия ворид мекунад ва ҳар гуна тағйирот дар истеҳсол ё содироти сӯзишвории Русия ба бозори дохилии кишвар таъсир мерасонад.